1–7 апрел
ЗАБУР 23–25
Суруди 22 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. «Яҳува Чӯпони ман аст»
(10 дақ.)
Яҳува моро роҳнамоӣ мекунад (Зб 23:1–3; w11 1.5 саҳ. 31, сарх. 3).
Яҳува моро ҳимоя менамояд (Зб 23:4; w11 1.5 саҳ. 31, сарх. 4).
Яҳува ба мо ғизо медиҳад (Зб 23:5; w11 1.5 саҳ. 31, сарх. 5).
Чи хеле ки чӯпон ба гӯсфандонаш ғамхорӣ мекунад, ҳамин хел Яҳува дар бораи хизматгоронаш ғамхорӣ менамояд.
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр Яҳува шахсан дар бораи ман ғамхорӣ мекунад?»
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
-
Зб 23:3 — «Роҳҳои адолат» чӣ маъно доранд ва барои бо он роҳ рафтан ба мо чӣ халал расонида метавонад? (w11 15.2 саҳ. 24, сарх. 1–3).
-
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Зб 23:1–24:10 (th дарси 5).
4. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахсе, ки аз ифлосшавии муҳити атроф хавотир аст, аз Китоби Муқаддас ояти мувофиқро нишон диҳед (lmd дарси 2, қисми 5).
5. Шавқмандонро хабар гиред
(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Ба шахсе, ки дафъаи гузашта китобчаи «То абад зинда бошед!»-ро гирифт, нишон диҳед, ки омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад (lmd дарси 9, қисми 3).
6. Шогирд тайёр кунед
(5 дақ.) lff дарси 14, қисми 4 (lmd дарси 11, қисми 3).
Суруди 65
7. Мо ба овози бегонагон гӯш намедиҳем
(15 дақ.) Муҳокима.
Гӯсфандон овози чӯпонашонро мешиносанд ва ба ӯ гӯш медиҳанд. Вале онҳо аз овозе, ки барояшон ношиносу бегона аст, мегурезанд (Юҳ 10:5). Ба ин монанд, мо низ ба овози Чӯпонони меҳрубону ғамхорамон, Яҳува ва Исо, гӯш медиҳем (Зб 23:1; Юҳ 10:11). Ҳамзамон, мо ба овози «бегона», ки моро фиреб карда имонамонро суст карданист, гӯш додан намехоҳем (2Пт 2:1, 3).
Дар боби сеюми китоби 1-уми Мӯсо фаҳмонида шудааст, ки чӣ хел якум бор дар рӯйи замин овози «бегона» садо дод. Шайтон бо Ҳавво тавре гап зад, то ӯ нафаҳмад, ки дар асл ҳамроҳаш кӣ суҳбат карда истодааст. Иблис худашро дӯст тарошида суханони Яҳуваро нодуруст маънидод кард ва нияти ӯро зери шубҳа гузошт. Афсӯс, Ҳавво ба гапи Шайтон даромад ва оқибат ин ҳам ба худи ӯ ва ҳам ба аҳли оилааш зарар расонд.
Имрӯз Шайтон кӯшиш мекунад, ки мо нисбати Яҳува ва ташкилоти ӯ шубҳа пайдо кунем ва барои ин маълумоти манфӣ, нимдурӯғ ва дурӯғи маҳзро паҳн мекунад. Вақте овози «бегона» садо медиҳад, мо бояд чӣ кор кунем? Гурезем! Аз кунҷкобӣ ҳатто каме ба ин овоз гӯш додан, хеле хатарнок аст. Барои фиреб кардани Ҳавво ба Шайтон муддати кӯтоҳ ва фақат як-ду даҳан гап лозим шуд (1Мс 3:1, 4, 5). Агар шахси наздикамон аз нияти хуб дар бораи Шоҳидони Яҳува маълумоти манфиро нақл кардан хоҳад, он гоҳ чӣ бояд кард?
ВИДЕОНАВОРИ «Ба “овози бегонагон” гӯш надиҳед»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
Шумо аз муносибати Ҷейд бо модараш чӣ дарс мегиред?
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 8, сарх. 1–4, чорчӯбаҳои саҳ. 61, 62