18–24 март
ЗАБУР 19–21
Суруди 15 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. «Осмон ҷалоли Худоро эълон мекунад»
(10 дақ.)
Офаридаҳои Яҳува ӯро ҷалол медиҳанд (Зб 19:1; w04 1.1 саҳ. 8, сарх. 1, 2).
Офтоб — яке аз муъҷизаҳои Яҳува мебошад (Зб 19:4–6; w04 1.6 саҳ. 11, сарх. 8–10).
Мо бояд дар бораи офаридаҳои Яҳува мулоҳиза ронем (Мт 6:28; g95 8.11 саҳ. 7, сарх. 3).
МАСЛИҲАТ БАРОИ ПАРАСТИШИ ОИЛАВӢ. Ягон офаридаи Худоро мушоҳида карда, фикр кунед, ки он дар бораи Яҳува чиро ошкор мекунад.
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
Зб 19:7–9 — Дар ин оят кадом шакли шеърӣ истифода шудааст ва он чӣ гуна хусусиятҳо дорад? (it «Забони ибрӣ»).
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Зб 19:1–14 (th дарси 11).
4. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Ба шахс даъватнома ба Шоми ёдбудро пешкаш намоед ва аз сомонаи jw.org ҷойеро ёбед, ки барои дар ин чорабинӣ иштирок намудан ба ӯ наздиктар аст (lmd дарси 2, қисми 3).
5. Суҳбатро сар кунед
(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Баъди тамом шудани чорабинӣ, шахсеро, ки дар почтааш даъватномаро ёфта ба Шоми ёдбуд омадааст, аҳволпурсӣ кунед. Ба саволҳои ӯ ҷавоб диҳед ва гапзанон кунед, ки кай ва дар куҷо суҳбататонро давом дода метавонед (lmd дарси 3, қисми 4).
6. Эътиқоди худро фаҳмонед
(5 дақ.) Нутқ. ijwfq мақолаи 45. Мавзуъ: «Чаро Шоҳидони Яҳува ёдбуди ҳазрати Исоро тавре қайд мекунанд, ки аз дигар динҳо фарқ мекунад?» (th дарси 6).
Суруди 130
7. «Офаридаҳоро мушоҳида карда, имонатонро қавӣ гардонед»
(15 дақ.) Муҳокима. ВИДЕОНАВОРРО монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
«Чӣ тавр ин видеонавор имони шуморо ба Офаридгор қавӣ месозад?»
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 7, сарх. 9–13, чорчӯбаи саҳ. 56