Суруди 9 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. «Яҳуваро доимо ситоиш мекунам»
(10 дақ.)
Довуд ҳатто дар вақти душвориҳо Яҳуваро ҳамду сано мегуфт (Зб 34:1; w07 1.3 саҳ. 22, сарх. 11).
Довуд худашро неву, Яҳуваро ситоиш мекард (Зб 34:2–4; w07 1.3 саҳ. 22, сарх. 13).
Вақте Довуд Яҳуваро ситоиш мекард, ин ба одамони гирду атрофаш қувват мебахшид (Зб 34:5; w07 1.3 саҳ. 23, сарх. 15).
Баъд аз он ки Довуд Абималикро монда ба биёбон рафт, ба ӯ қариб 400 нафаре, ки аз ҳукмронии Шоул норозӣ буд, ҳамроҳ шуд (1Пш 22:1, 2). Шояд Довуд ҳангоми эҷоди ин тарона айнан онҳоро дар назар дошт (Зб 34, болонавис).
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр ман дар вохӯрии навбатӣ ҳангоми суҳбат бо бародару хоҳарон Яҳуваро ситоиш карда метавонам?»
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
-
Зб 35:19 — Суханони зерини Довуд чӣ маъно доранд: «Нагузор, то онҳое, ки бесабаб... маро бад мебинанд, ба ман писхандомез чашмакӣ зананд»? (w06 15.5 саҳ. 20, сарх. 2).
-
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Зб 34:1–22 (th дарси 5).
4. Суҳбатро сар кунед
(2 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Пеш аз он ки шумо аз Китоби Муқаддас ягон фикрро мегӯед, шахс ба суҳбат хотима мебахшад (lmd дарси 1, қисми 4).
5. Шавқмандонро хабар гиред
(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ (lmd дарси 2, қисми 4).
6. Эътиқоди худро фаҳмонед
(5 дақ.) Намоиш дар асоси lff дарси 44, қисмҳои 1–3. Мавзуъ: «Дар асоси чӣ Шоҳидони Яҳува қарор мекунанд, ки ин ё он идро ҷашн гиранд ё не?» (th дарси 17).
Суруди 104
7. Се роҳи ситоиш намудани Яҳува дар вохӯриҳо
(15 дақ.) Муҳокима.
Дар вохӯриҳои ҷамоат мо барои ситоиш намудани Яҳува имконияти зӯр дорем. Дар поён се роҳ оварда шудааст.
Муошират. Вақте бо дигарон суҳбат мекунед, дар бораи некии Яҳува нақл кунед (Зб 145:1, 7). Шояд шумо ягон фикрро шунидед ё хондед, ки бароятон манфиат овард? Мумкин дар хизмат ягон воқеаи аҷоиб рӯй дод? Ё шояд ягон кас сухане гуфт ё кореро кард, ки шуморо қувват бахшид? Ё ягон офаридаи Яҳува ба шумо сахт маъқул шуд? Ҳамаи ин туҳфа аз ҷониби Яҳува мебошад (Яқ 1:17). Ба вохӯриҳо якчанд дақиқа пештар биёед, то ки дар ин бора бо дигарон гап зада тавонед.
Шарҳҳо. Дар ҳар вохӯрӣ кӯшиш кунед, ки ақаллан як бор ҷавоб диҳед (Зб 26:12). Шумо метавонед ба савол ҷавоби аниқ диҳед, диққатро ба фикри дуюмдараҷа, ояти Китоби Муқаддас ва расм равона созед ё гӯед, ки чӣ тавр ин фикрро ба кор бурдан мумкин аст. Ба якчанд савол ҷавоб тайёр кунед, чунки касоне, ки шарҳ додан мехоҳанд, бисёр буда метавонанд. Агар ҷавобҳо аз 30 сония зиёд набошанд, он гоҳ бисёри ҳозирон «ба Худо қурбонии ҳамду сано» оварда метавонанд (Ибр 13:15).
Сурудҳо. Сурудҳоямонро аз таҳти дил сароед (Зб 147:1). Шояд дар ҳар вохӯрӣ шумо шарҳ дода натавонед, хусусан агар дар ҷамоат воизон бисёр бошанд. Лекин имконияти сароидани суруд ҳамавақт ҳаст. Ҳатто агар шумо фикр кунед, ки сарояндаи хуб нестед, дилпур бошед, ки Яҳува аз кӯшишҳои шумо хурсанд мешавад (2Қр 8:12). Пешакӣ дар хона машқ кардани сурудҳо боварии шуморо бештар месозад.
ВИДЕОНАВОРИ «Пешравӣ ва таърихи ташкилоти мо — Суруд атои пурарзиш аст (қисми 1)»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
Аз чӣ маълум аст, ки дар суруд ситоиш намудани Яҳува, дар саршавии таърихи имрӯзаи ташкилоти мо нақши муҳим мебозид?
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 9, сарх. 1–7, пешгуфтори фасли 3 ва чорчӯбаи саҳ. 70