Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

4–10 март

ЗАБУР 16, 17

4–10 март

Суруди 28 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. «Ту, эй Яҳува, сарчашмаи некиҳои манӣ»

(10 дақ.)

Дӯстӣ бо касоне, ки ба Яҳува хизмат мекунанд, ба мо хурсандӣ меорад (Зб 16:2, 3; w18.12 саҳ. 26, сарх. 11).

Мо хурсандем, ки бо Яҳува муносибати наздик дорем (Зб 16:5, 6; w14 15.2 саҳ. 29, сарх. 4).

Мо худро дар бехатарӣ ҳис мекунем, чунки Яҳува моро аз зарари рӯҳонӣ ҳимоя мекунад (Зб 16:8, 9; w08 15.2 саҳ. 3, сарх. 2, 3).

Мисли Довуд мо ҳаёти пурмаъно ба сар мебарем, чунки хизмати Яҳува барои мо дар ҷойи аввал меистад.

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Баъди хизматгори Яҳува шуданам чӣ тавр ҳаёти ман беҳтар шуд?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 17:8 — Ибораи «гавҳараки чашм» ба чӣ ишора мекунад? (it «Гавҳарак»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(1 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Даъватнома ба Шоми ёдбудро пешкаш кунед (th дарси 11).

5. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Даъватнома ба Шоми ёдбудро пешкаш кунед. Баъди шавқ зоҳир кардани шахс, диққати ӯро ба видеонавори «Ёдбуди ҳазрати Исо» равона созед ва онро муҳокима намоед (th дарси 9).

6. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Даъватнома ба Шоми ёдбудро пешкаш кунед (th дарси 2).

7. Шогирд тайёр кунед

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 148

8. Чӣ тавр ба Шоми ёдбуд тайёрӣ бинем?

(15 дақ.) Муҳокима.

Рӯзи якшанбе 24-уми март, мо мувофиқи амри Исо барои ҷашн гирифтани солгарди марги ӯ ҷамъ мешавем. Дар ин маросим мо дар бораи муҳаббати беҳамтои Яҳува ва Исо мулоҳиза меронем (Лқ 22:19; Юҳ 3:16; 15:13). Чӣ тавр ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дидан мумкин аст?

  • Дар маъракаи даъват кардани шавқмандон ба нутқи махсус ва Шоми ёдбуд фаъолона иштирок кунед. Рӯйхати касонеро, ки даъват кардан мехоҳед, тартиб дода онҳоро таклиф кунед. Лекин агар ягонтои онҳо дар дигар давлат зиндагӣ кунад-чӣ? Дар бораи кай ва дар куҷо гӯш кардани нутқи махсус ва Шоми ёдбуд дар он минтақа аз сомонаи jw.org маълумот ёфта метавонед.

  • Моҳи март ва апрел кӯшиш кунед, ки дар хизмат бештар иштирок намоед. Оё шумо дар ин вақт пешрави ёвар шуда, 15 ё 30 соат хизмат карда метавонед?

  • Аз 18-уми март сар карда дар бораи воқеаҳои муҳиме, ки дар ҳафтаи охири ҳаёти Исо дар замин рӯй доданд, хонед. Шумо метавонед, қарор кунед, ки ҳар рӯз аз «Ҷадвали хониши Китоби Муқаддас дар арафаи Шоми ёдбуди 2024» чӣ қадар маводро мехонед (ба саҳифаи 6 ва 7 назар кунед).

  • Рӯзи Шоми ёдбуд дар сомонаи jw.org ибодати пагоҳирӯзиро, ки махсус барои ин рӯз омода шудааст, тамошо кунед.

  • Дар Шоми ёдбуд бародару хоҳарони ғайрифаъолро нағз пешвоз гиред. Ҳамчунин касонеро, ки якум бор ба ин чорабинӣ омаданд, хуш пешвоз гиред ва баъди анҷоми барнома бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, ба саволҳояшон ҷавоб диҳед. Бо онҳо гапзанон кунед, ки боз вохӯрда барои гирифтани маълумоти бештар кумак мерасонед.

  • То Шоми ёдбуд ва баъди он дар бораи товоне, ки Исо дод, фикр кунед.

ВИДЕОНАВОРИ «Ёдбуди ҳазрати Исо»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

Чӣ тавр ин видеонаворро дар вақти маъракаи даъваткунӣ ба Шоми ёдбуд истифода бурдан мумкин аст?

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 9 ва дуо