Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

8–14 апрел

ЗАБУР 26–28

8–14 апрел

Суруди 29 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Чӣ ба Довуд ёрдам медод, ки беайб монад?

(10 дақ.)

Довуд аз Яҳува хоҳиш мекард, ки барои беҳтар шудан ба ӯ ёрдам диҳад (Зб 26:1, 2; w04 1.12 саҳ. 14, сарх. 8, 9).

Довуд бо касоне, ки мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ намекарданд, муошират намекард (Зб 26:4, 5; w04 1.12 саҳ. 15, сарх. 12, 13).

Парастиши Яҳува ба Довуд хурсандӣ мебахшид (Зб 26:8; w04 1.12 саҳ. 16, сарх. 17, 18).


Ҳарчанд Довуд бисёр хато мекард, ӯ «бо дили беайб» роҳ мерафт (3Пш 9:4). Беайбии Довуд дар он дида мешуд, ки ӯ Яҳуваро дӯст медошт ва аз таҳти дил ба ӯ хизмат мекард.

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 27:10 — Чӣ тавр ин оят касонеро, ки хешу таборашон аз онҳо рӯ гардонданд, тасаллӣ медиҳад? (w06 15.7 саҳ. 28, сарх. 15).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Аз Маводи таълимӣ рисолаеро истифода баред (th дарси 3).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Бо шахсе, ки дафъаи гузашта рисоларо гирифта буд, саволеро, ки дар саҳифаи охири он рисола оварда шудааст, муҳокима кунед. Диққатро ба сомонаи jw.org равона намуда нишон диҳед, ки чӣ тавр аз он маълумоти даркориро ёфтан мумкин аст (lmd дарси 9, қисми 3).

6. Нутқ

(5 дақ.) lmd Замимаи А, қисми 3. Мавзуъ: «Боду ҳаво муътадил мешавад ва замин ба биҳишт табдил меёбад» (th дарси 13).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 135

7. Наврасоне, ки ахлоқан пок мемонанд

(15 дақ.) Муҳокима.

Бародару хоҳарони ҷавон бояд ахлоқи покро нигоҳ доранд. Онҳо нокомил мебошанд, барои ҳамин дар айёми наврасӣ хоҳиши алоқаи ҷинсӣ намудан чунон сахт мешавад, ки дуруст рафтор кардан барои онҳо душвор мегардад (Рм 7:21; 1Қр 7:36). Ғайр аз ин, ҷавонон бояд бо фишори атрофиён мубориза баранд, ки онҳоро ба бадахлоқӣ, аз ҷумла ба ҳамҷинсбозӣ тела медиҳанд (Эф 2:2). Мо фахр мекунем, ки ҷавонони мо ахлоқан пок мемонанд.

ВИДЕОНАВОРИ «Айёми наврасиям. Вақте ба алоқаи ҷинсии нораво тела медиҳанд»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Ҳамсинфони Кори ва Камрин ба онҳо чӣ хел фишор меоварданд?

  • Чӣ ба онҳо ёрдам дод, ки ахлоқан пок монанд?

  • Кадом маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар чунин ҳолатҳо ба шумо кумак карда метавонанд?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 23 ва дуо