Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

17–23 март

ПАНДНОМА 5

17–23 март

Суруди 32 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Аз бадахлоқӣ дурӣ ҷӯед

(10 дақ.)

Васвасаи ба бадахлоқӣ даст задан пурзӯру ҷолиб буда метавонад (Пнм 5:3; w00 15.7 саҳ. 29, сарх. 1).

Касоне ки ба бадахлоқӣ даст мезананд, оқибати талхро мечашанд (Пнм 5:4, 5; w00 15.7 саҳ. 29, сарх. 2).

Ба бадахлоқӣ наздикӣ накунед (Пнм 5:8; w15 15.6 саҳ. 22, 23, сарх. 8–10).

Хоҳари ҷавонамон ба мактаббачае рақами телефонашро надода истодааст

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Пнм 5:18, 19 — Назари Яҳува ба муносибати маҳрамона чӣ гуна аст? (lff дарси 41, қисми 1).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Шахсеро, ки масеҳӣ нест, ба Шоми ёдбуд даъват кунед ва дар сомонаи jw.org ҷойи маросимро, ки ба вай наздиктар аст, нишон диҳед (lmd дарси 6, қисми 4).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки даъватномаи Шоми ёдбудро гирифта, ба ин маросим шавқ зоҳир карда буд (lmd дарси 9, қисми 5).

6. Шогирд тайёр кунед

(5 дақ.) lff дарси 16, бахшҳои «Фикрҳои асосӣ», «Такрор» ва «Мақсад». Омӯзанда мепурсад, ки «оё Исо зан дошт?». Ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ тавр ба ин савол ҷавоб ёфтан мумкин аст (lmd дарси 11, қисми 4).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 57

7. Дар вақти мулоқот покиро нигоҳ доред

(15 дақ.) Муҳокима.

Мулоқот ин давраест, ки зану мард ба хотири нағзтар шинохтани якдигар бо ҳам вақт мегузаронанд. Дилдодагон худашон қарор мекунанд, ки дар алоҳидагӣ ё дар доираи ёру дӯстон муошират кунанд, дар бораи мулоқоташон ба дигарон гӯянд ё не ва бо телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат кунанд. Барои масеҳиён мулоқот вақтхушӣ нест, он қадами ҷиддиест, ки сӯйи издивоҷ мебарад. Бародар ва хоҳар новобаста ба синну сол барои покиро нигоҳ доштан кадом чораҳои эҳтиётиро андешида метавонанд? (Пнм 22:3).

ВИДЕОНАВОРИ «Омодагӣ ба издивоҷ (Қисми 1). Оё ман ба мулоқот тайёрам? (порча)»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чаро касе, ки ҳоло ба издивоҷ тайёр нест, ба мулоқот кардан саросема нашавад? (Пнм 13:12; Лқ 14:28–30).

  • Волидон ба духтарашон чӣ тавр кумак карданд ва чаро ин кори онҳо ба шумо маъқул шуд?

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Панднома 28:26-ро хонанд. Сипас саволҳои зеринро диҳед:

  • Чӣ тавр касоне, ки мулоқот мекунанд, аз ҳолатҳое, ки ба бадахлоқӣ тела медиҳад, дурӣ ҷуста метавонанд?

  • Чаро дилдодагон бояд пешакӣ муайян кунанд, ки то чӣ андоза ба якдигар меҳру муҳаббат нишон медиҳанд, масалан, дастбадаст гирифта мегарданд ё якдигарро мебӯсанд?

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Эфсӯсиён 5:3, 4-ро хонанд. Сипас саволи зеринро диҳед:

  • Чаро касоне, ки мулоқот мекунанд, бояд дар вақти бо телефон ё интернет муошират кардан эҳтиёт бошанд?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 152 ва дуо