Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

28 апрел — 4 май

ПАНДНОМА 11

28 апрел — 4 май

Суруди 53 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Аввал андеша, баъд гуфтор

(10 дақ.)

Суханоне, ки ба ёратон зиён мерасонад, нагӯед (Пнм 11:9; w02 15.5 саҳ. 26, сарх. 4).

Суханоне, ки ягонагии ҷамоатро вайрон месозад, нагӯед (Пнм 11:11; w02 15.5 саҳ. 27, сарх. 2, 3).

Маълумоти махфиро ошкор насозед (Пнм 11:12, 13; w20.03 саҳ. 21, 22, сарх. 12, 13).

БАРОИ МУЛОҲИЗА: «Чӣ тавр гуфтаҳои Исо, ки дар Луқо 6:45 омадаанд, ба мо ёрдам мекунанд, ки суханони зиёновар нагӯем?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Пнм 11:17 — Меҳрубонӣ ба мо чӣ манфиат меорад? (g20.1 саҳ. 11, чорчӯба).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Дар рафти суҳбат имконият ҷуста ба шахс фикреро, ки ба наздикӣ дар ҷамъомад фаҳмидед, нақл кунед (lmd дарси 2, қисми 4).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Диққати шахсро ба видеонаворе, ки дар Маводи таълимӣ ҳаст, равона созед (lmd дарси 8, қисми 3).

6. Шогирд тайёр кунед

(4 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед ва нишон диҳед, ки он чӣ тавр мегузарад (lmd дарси 10, қисми 3).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 157

7. Бо забони худ ба решаи сулҳ теша назанед

(15 дақ.) Муҳокима.

Афсӯс ки, аз пушти нокомилӣ лаҷоми забонамонро кашидан на ҳама вақт осон аст (Яқ 3:8). Лекин, агар дар бораи оқибати суханонамон фикр кунем, ба даҳонамон муҳри хомӯшӣ мезанему худро аз пушаймонӣ нигоҳ медорем. Дар поён баъзе мисолҳое оварда шудаанд, ки сулҳу оромии ҷамоатро вайрон карда метавонанд:

  • Худтаърифкунӣ. Вақте шахс худашро аз ҳад зиёд таъриф мекунад, дигаронро водор месозад, ки худашонро бо дигарон муқоиса кунанд ва ё ҳасад баранд (Пнм 27:2).

  • Суханони аблаҳона. Ба ин на фақат дурӯғи маҳз, балки маълумоте дохил мешавад, ки одамро роҳгум месозад. Ҳатто андак аблаҳӣ моро аз боварии одамон мебарорад ва обрӯямонро мерезонад (Пг 10:1).

  • Ғайбат. Ин беҳудагапӣ ва дахолат кардан ба ҳаёти дигарон мебошад. Ғайбатчӣ далелҳоро нодуруст маънидод мекунад ё сирри касро ошкор месозад (1Тм 5:13). Оқибат ғайбат ба баҳсу ҷанҷол ва нофаҳмиҳо оварда мерасонад.

  • Суханони ғазаболуд. Ин суханони тезутунд дар ҳаққи касест, ки моро хафа мекунад (Эф 4:26). Он ба дили кас сахт расида, дардовар буда метавонад (Пнм 29:22).

ВИДЕОНАВОРИ «Сулҳро вайрон накунед! (порча)»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ тавр забони белаҷом сулҳу ягонагии ҷамоатро вайрон карда метавонад?

Видеонавори «Осоиштагиро биҷӯй ва аз пайи он бош»-ро тамошо карда фаҳмед, ки чӣ тавр сулҳ дар ҷамоат барқарор гардид.

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди нав аз анҷумани минтақавии соли 2025 ва дуо