Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Истифодаи китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?»

Истифодаи китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?»

Китоби «Таълимот» ва «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» монанданд. Ҳар дуи онҳо барои омӯзиши Китоби Муқаддас пешбинӣ шудаанд. Ҳар ду китоб як маълумот доранд ва аз рӯи як тартиб навишта шудаанд. Лекин «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» осонфаҳм аст. Ин барои онҳое тайёр карда шудааст, ки барояшон фаҳмидани китоби «Таълимот» душвор аст. Ба ҷои Замима дар охири китоби нав Мавзӯъҳои иловагӣ оварда шудаанд. Дар он баъзе аз калимаю ибораҳое, ки дар бобҳо вомехӯранд, ба таври сода фаҳмонда шудаанд. Дар аввали бобҳо саволҳо нестанд ва дар охирашон чорчӯба барои такрор оварда нашудааст. Ба ҷои ин баъди ҳар як боб фикрҳои асосӣ оварда шудаанд, ки онҳо дар худи боб фаҳмонда мешаванд. Ин китобро монанди китоби «Таълимот» ҳама вақт паҳн кардан мумкин аст. Чӣ тавр мо ин китобро дар вақти омӯзиши Китоби Муқаддас истифода бурда метавонем?

ФИКРҲОИ АСОСӢ. Вақте бо дигарон китоби «Таълимот»-ро меомӯхтем, мо одатан сархатҳоро мехондем, баъд саволу ҷавоб мекардем. Лекин баъзе омӯзандагон забонро нағз намедонанд ё хонда наметавонанд. Бо ин одамон мо метавонем ба воситаи «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» омӯзиш гузаронем. Мо метавонем бо омӯзанда Фикрҳои асосиро омӯзем ва ӯро барангезем, ки сархатҳоро худаш хонад. Дар давоми омӯзиш барои муҳокимаи ҳар як фикри асосӣ қариб 15 дақиқа вақт ҷудо кардан даркор аст. Ҳама маълумоти боб дар Фикрҳои асосӣ нест, барои ҳамин таълимдиҳанда бояд нағз тайёрӣ бинад ва ниёзҳои омӯзандаро ба назар гирад. Агар таълимдиҳанда аз рӯи матни асосӣ омӯзиш кунад, он гоҳ барои такрор кардани боб метавонад Фикрҳои асосиро истифода барад.

МАВЗӮЪҲОИ ИЛОВАГӢ: Калимаву ибораҳо ва фаҳмишҳо аз рӯи тартиби мавзӯъҳои бобҳо оварда шудаанд. Таълимдиҳанда метавонад худаш қарор кунад, ки дар вақти омӯзиш Мавзӯъҳои иловагиро муҳокима кунад ё не.