Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҷавонон, имконияти ба «дарвозаи бузургу фарох» даромаданро аз даст надиҳед

Ҷавонон, имконияти ба «дарвозаи бузургу фарох» даромаданро аз даст надиҳед

Ба назари ҷавонон чунин тофта метавонад, ки ҳеҷ вақт пир намешаванд ва дар зиндагиашон «айёми бадӣ» намеояд (Вз 12:1). Мумкин ту ҷавон ҳастӣ ва фикр мекунӣ, ки барои расидан ба мақсадҳои рӯҳонӣ масалан, хизмати пурравақт ҳоло вақти бисёр дорӣ.

Лекин вақти номусоид ва нокомӣ ба сари ҳамаи мо меояд, аз ҷумла ба ҷавонон (Вз 9:11). «Шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод» (Яқ 4:14). Мақсадҳои рӯҳониро ба ақиб напартоед. Ҳоло ки «дарвозаи бузургу фарох» ба рӯятон кушода аст, ба он дароед (1Қр 16:9). Шумо ҳеҷ гоҳ аз ин пушаймон намешавед.

Баъзе мақсадҳои рӯҳонӣ, ки дар пеши худ гузошта метавонед:

  • Забони дигареро омӯхта мавъиза кардан

  • Хизмати пешравӣ

  • Дар мактабҳои ташкилотамон таълим гирифтан

  • Дар корҳои сохтмонӣ иштирок кардан

  • Хизмати Байт-Ил

  • Чун нозири ноҳиявӣ хизмат кардан

Мақсадҳои ман: