Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

«Шавҳари вай назди дарвозаҳо машҳур аст»

«Шавҳари вай назди дарвозаҳо машҳур аст»

Зани солеҳа ба шавҳараш таъсири нағз мерасонад. Дар рӯзҳои шоҳ Лемуил шавҳаре, ки зани солеҳа дошт, «назди дарвозаҳо машҳур» буд (Мс 31:23). Имрӯз мардони сазовори ҳурмату эҳтиром чун пири ҷамъомад ё ходими ёвар хизмат мекунанд. Агар онҳо оиладор бошанд, дар ин таъинот хизмат карданашон аз рафтори хуб ва дастгирии занашон вобаста аст (1Тм 3:4, 11). Чунин занҳои солеҳаро на танҳо шавҳаронашон, балки тамоми ҷамъомад ҳурмату эҳтиром ва қадр мекунанд.

Зани солеҳа бо чунин корҳояш шавҳарашро дастгирӣ мекунад:

  • бо суханони нек ӯро рӯҳбаланд мекунад (Мс 31:26).

  • тайёр аст, ки аз баҳри ягон чиз барояд, то шавҳараш ба ҷамъомад ғамхорӣ карда тавонад (1Тс 2:7, 8).

  • ҳаёти одӣ ба сар мебарад (1Тм 6:8).

  • аз шавҳараш дар бораи ягон маълумоти махфие, ки ба ҷамъомад дахл дорад, намепурсад (1Тм 2:11, 12; 1Пт 4:15).