Намунаи пешниҳодот
ПЕШНИҲОДИ 1
Сарсухан: Бисёриҳо бо дуо ба Худо муроҷиат мекунанд. Ба фикри шумо, Ӯ ба ҳамаи дуоҳо ҷавоб медиҳад?
Оят: Зб 144:18
Фикр: Барои он ки Худо дуоҳоямонро гӯш кунад, муҳим аст, ки Ӯро шиносем ва хосташро иҷро кунем. Дафъаи дигар дар бораи он гап зада метавонем, ки оё дар дуо забони махсусро истифода бурдан шарт аст ё не.
ҲАҚИҚАТРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД
Савол: Ба фикри шумо ҳамин пешгӯиҳо имрӯз иҷро шуда истодаанд ё не?
Оят: 2Тм 3:1–5
Ҳақиқат: Азбаски пешгӯии Китоби Муқаддас дар бораи замони мо иҷро шуд, мо боварӣ дошта метавонем, ки дигар пешгӯиҳояш ҳам иҷро мешаванд, масалан пешгӯӣ дар бораи ояндаи хуб.
ЧАРО КИТОБИ МУҚАДДАСРО БОЯД ОМӮХТ? (видеонавор)
Сарсухан: Мо ба одамон видеонавореро нишон медиҳем, ки дар он дар он гуфта мешавад, ки аз куҷо мо ба саволҳои муҳими зиндагӣ ҷавоб ёфта метавонем. [Видеонаворро монед.]
Давоми гап: Дар ин китоб аз рӯйи Китоби Муқаддас фаҳмонда мешавад, ки чӣ тавр Худо проблемаҳои ҷаҳонро ҳал мекунад. [Китоби «Таълимот» ё «Таълими Китоби Муқаддас»-ро пешкаш кунед.]
ПЕШНИҲОДИ ХУДРО ТАЙЁР КУНЕД
Аз тарзи намунаҳои пешниҳодот истифода бурда пешниҳоди худро тайёр кунед.