Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ЮҲАННО 1–13; 3 ЮҲАННО 1–14; ЯҲУДО 1–25

Мубориза баред, то дар роҳи Худо устувор монед

Мубориза баред, то дар роҳи Худо устувор монед

Яҳудо 3

Исо чунин маслиҳат дода буд: «Бо тамоми қувват саъю кӯшиш намоед, ки аз дари танг дароед» (Лқ 13:24). Ин суханон нишон медиҳанд, ки мо бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем, то соҳиби баракатҳои Худо гардем. Яҳудо низ, ки бародари Исо буд, зери илҳоми Худо суханони ба ин монандро навишта гуфт, ки барои имон «мубориза баред». Барои гузоштани қадамҳои зерин хеле ҳаракат кардан лозим аст:

  • Бадахлоқии ҷинсиро рад кунед (Яҳ 6, 7)

  • Онҳоеро, ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, эҳтиром намоед (Яҳ 8, 9)

  • Худро ба воситаи «имони бағоят муқаддас», яъне таълимоти Масеҳ, қавӣ гардонед (Яҳ 20, 21)