Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Яҳува ниёзҳои моро медонад

Яҳува ниёзҳои моро медонад

Ғуломи бовариноку боандеша ғизои рӯҳониро «сари вақт» ба мо медиҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Яҳува ин ғуломро роҳнамоӣ мекунад ва ниёзҳои моро медонад (Мт 24:45). Анҷуманҳои минтақавӣ ва вохӯриҳои байниҳафта ба мо ҳақ будани ин суханонро исбот мекунанд.

ВИДЕОНАВОРИ «ҲИСОБОТИ КУМИТАИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛИ 2017»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Барои анҷуманҳои саривақтие, ки мо аз онҳо баҳра мебарем, бояд аз кӣ миннатдор бошем ва чаро?

  • Тайёр кардани анҷуман кай сар мешавад?

  • Мавзӯъҳои анҷуман чӣ гуна интихоб карда мешаванд?

  • Барои тайёр кардани анҷуманҳо чӣ корҳо карда мешавад?

  • Чӣ тавр тарзи омӯзиши Китоби Муқаддас, ки дар Ҷилъод истифода мешавад, барои тайёр кардани барномаи вохӯрии байниҳафта истифода бурда мешавад?

  • Чӣ тавр шӯъбаҳои гуногун барои тайёр кардани дафтари вохӯрӣ ҳамкорӣ мекунанд?

Шумо ба ғизои рӯҳоние, ки аз Яҳува мегиред, чӣ тавр муносибат мекунед?