Мӯсо аз рӯйи ҳар як дастуре, ки Яҳува барои сохтмон дод, амал карда хаймаи муқаддасро барпо намуд. Мо низ мисли ӯ бояд ба ҳар як дастуре, ки аз ташкилоти Яҳува мегирем, гӯш дода дарҳол аз рӯйи он амал кунем. Ҳатто агар ба назарамон аз рӯйи ин дастурот амал намудан муҳим набошад ё сабаби онро нафаҳмем ҳам, бояд ба он итоат кунем (Лқ 16:10).
Чаро мо бояд ба дастуре, ки дар мавридҳои зерин дода мешавад, гӯш дода аз рӯйи он амал намоем?
-
Гирифтани дастур дар вохӯрӣ барои мавъиза
-
Нисбати тайёр шудан ба вазъиятҳои фавқулодаи тиббӣ
-
Оиди тайёрӣ дидан ба офатҳои табиӣ