БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Арзиши «ду тангаи хурд»
Ду тангае, ки бевазани камбағал хайрия кард, ҳатто барои харидани хӯрокаи одӣ намерасид. (Ба маълумоти омӯзишӣ оиди Луқо 21:4 нигаред.) Лекин бо хайрияи худ ӯ нишон дод, ки Яҳуваро беҳад дӯст медорад ва ибодати Ӯро қадр мекунад. Барои ҳамин хайрияи ӯ дар назари Падари осмониаш пурарзиш буд (Мқ 12:43).
ВИДЕОНАВОРИ «ҲАДИЯ БАРОИ ЯҲУВА»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Хайрияи мо барои кадом корҳо истифода мешаванд?
-
Чаро хайрияҳои мо новобаста ба кам буданаш арзиши баланд доранд?
-
Мо аз куҷо фаҳмида метавонем, ки кадом роҳҳои хайриякунӣ дар маҳалли мо дастрас аст? (Ба чорчӯбаи «Бисёртар фаҳмед» нигаред)