ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
Яҳува заминро байни қабилаҳои Исроил тақсим кард
Яҳува ба воситаи қуръапартоӣ дастур медод. Шояд қуръа партофтан муайян мекард, ки мулки ҳар як қабила тахминан дар куҷо ҷойгир мешавад (Юш 18:10; it «Ҳадду канор»)
Яҳува чора андешид, то пешгӯйие, ки Яъқуб пеш аз маргаш гуфта буд, иҷро шавад (Юш 19:1; it «Мерос»)
Яҳува ба исроилиён иҷозат дод, то худашон қарор кунанд, ки масоҳати мулки ҳар як қабила чӣ қадар мешавад (Юш 19:9; it «Ҳадду канор»)
Замини ваъдашуда тавре тақсим карда шуд, ки дар байни қабилаҳо ягон ҳасадхӯрӣ ё нофаҳмиҳо пайдо нашуданд. Чӣ тавр ин воқеа шуморо боварӣ мебахшад, ки Яҳува дар дунёи нав низ аз рӯйи адолат амал мекунад?