Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Ба омӯзандагон дар бораи Худо дониш гирифтанро ёд диҳед

Ба омӯзандагон дар бораи Худо дониш гирифтанро ёд диҳед

Барои он ки омӯзандагон ташнагии рӯҳонии худро шикананду масеҳии баркамол шаванд, бояд ғайр аз таълимоти асосӣ боз чизҳои бештарро омӯзанд (Мт 5:3; Ибр 5:12–6:2). Ба онҳо лозим аст, ки қонеъ кардани талаботи рӯҳониашонро ёд гиранд.

Ҳар чӣ тезтар ба омӯзандаатон нишон диҳед, ки чӣ тавр ба омӯзиш тайёрӣ дидан мумкин аст ва ёрдам кунед, ки ин кор барояш одат шавад (mwb18.03 саҳ. 6). Ба ӯ гӯед, ки пеш аз ҳар як омӯзиши шахсӣ дуо гӯяд. Ӯро бо маводи электронии мо барои ҷустуҷӯ шинос карда истифода бурдани онҳоро ёд диҳед. Фаҳмонед, ки чӣ тавр аз маълумоти нав дар сомонаи jw.org бохабар буда барномаҳои ҳармоҳаи JW Broadcasting®-ро дар вақташ тамошо кардан мумкин аст. Қадам ба қадам ба омӯзандаатон ёрдам кунед, ки ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас, ба вохӯриҳои ҷамоат тайёрӣ дидан ва тадқиқот гузаронда ба саволҳояш ҷавоб ёфтан, барояш одат шавад. Ба ӯ ёд диҳед, ки дар бораи чизҳои фаҳмидааш чуқуртар мулоҳиза ронад.

ВИДЕОНАВОРИ «БА ОМӮЗАНДАГОНИ ХУД КӮМАК КУНЕД, КИ ДАР БОРАИ ХУДО ДОНИШ ГИРИФТА, БА Ӯ НАЗДИК ШАВАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр Нита ба Ҷейд ёрӣ расонд, то фаҳмад, ки омӯзиш, ин на фақат ба саволҳо ҷавоб ёфтан мебошад?

  • Чӣ ба Ҷейд ёрдам дод, то фаҳмад, ки Яҳува беҳуда бадахлоқии ҷинсиро манъ накардааст?

  • Ба омӯзандагон чӣ тавр ғизо додани ақлу дилро фаҳмонед

    Ҷейд дар бораи мулоҳизаронӣ чиро дарк кард?