Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Лоиҳаи душворе, ки бо кумаки рӯҳи муқаддас иҷро карда шуд

Лоиҳаи душворе, ки бо кумаки рӯҳи муқаддас иҷро карда шуд

Тӯли таърих хизматгорони Худо бисёр лоиҳаҳои душворро ба анҷом расониданд. Онҳо аз ӯҳдаи ин корҳо на ба шарофати қобилиятҳои худ, балки ба туфайли кумаки Яҳува баромаданд. Соли 1954 филми «Ташкилоти Яҳува дар амал» бароварда шуд. Он бо ёрии байтилчиёне омода гардид, ки дар тайёр кардани филм ягон таҷриба надоштанд. Ин лоиҳаи душвор танҳо бо кумаки рӯҳи муқаддаси Яҳува иҷро карда шуд. Донистани ин моро боварӣ мебахшад, ки агар ба Яҳува пурра такя кунем, аз ӯҳдаи ҳар супориш баромада метавонем (Зк 4:6).

ВИДЕОНАВОРИ «ОМОДА КАРДАНИ ФИЛМИ “ТАШКИЛОТИ ЯҲУВА ДАР АМАЛ”»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро қарор карда шуд, ки дар бораи идораи марказӣ филм ба навор гирифта шавад?

  • Аз чӣ маълум аст, ки Байт-Ил мисли як бадан аст? (1Қр 12:14–20)

  • Бародарон ҳангоми ба навор гирифтани филм бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд ва чӣ тавр онҳоро паси сар намуданд?

  • Шумо аз ин видеонавор дар бораи рӯҳи муқаддаси Яҳува чӣ фаҳмидед?