Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Мо дар анҷоми ин замона зинда мемонем!

Мо дар анҷоми ин замона зинда мемонем!

Сабри Яҳува ҳадду ҳудуд дорад. Ба қарибӣ ӯ ин ҷаҳонро нест мекунад. Аввал динҳои дурӯғ нест мешаванд. Баъд иттиҳоди халқҳо ба хизматгорони Худо ҳамла меоранд ва Яҳува дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн тамоми одамони бадро нест мекунад. Масеҳиён ин воқеаҳои муҳимро бесаброна интизоранд.

Албатта, мо дар бораи мусибати бузург бисёр чизро намедонем. Масалан, мо намедонем, ки он аниқ кай сар мешавад, ҳукуматдорон бо кадом баҳона бар динҳои дурӯғ ҳамла мекунанд ва ҳамлаи иттиҳоди халқҳо ба хизматгорони Худо чӣ қадар давом мекунад ё он чиро дар бар мегирад. Ҳамчунин ба мо маълум нест, ки чӣ тавр Яҳува одамони бадро дар Ҳармаҷиддӯн нест мекунад.

Лекин дар Китоби Муқаддас маълумоти кофӣ оварда шудааст, то мо аз воқеаҳои оянда натарсем ва далер монем. Барои мисол, мо медонем, ки дар анҷоми «рӯзҳои охир» зиндагӣ карда истодаем (2Тм 3:1). Ба мо маълум аст, ки ҳамла бар динҳо «кӯтоҳ» хоҳад буд, то ки дини ҳақиқӣ нест карда нашавад (Мт 24:22). Мо медонем, ки Яҳува халқашро наҷот медиҳад (2Пт 2:9). Мо боз медонем, ки Яҳува барои дар Ҳармаҷиддӯн нест кардани одамони бад ва нигоҳ доштани ҳаёти мардуми сершумор Исои Масеҳро таъйин намудааст. Исо бошад, одил аст ва барои ҳимояи мо қуввати кофӣ дорад (Ошк 19:11, 15, 16).

Дар вақти мусибати бузург одамон «аз тарсу ҳарос... аз ҳол мераванд». Лекин мо ба тарсу ҳарос намеафтем, чунки медонем, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта халқашро наҷот медод ва медонем, ки аз оянда чиро интизор шавем. Мулоҳиза дар бораи ин чизҳо ёрдам мекунад, ки дар он вақти душвор қоматамонро рост карда, сарамонро бардорем, яъне дилпур бошем, ки халосиямон наздик аст (Лқ 21:26, 28).