Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

Сабри Яҳува ҳадду ҳудуд дорад

Сабри Яҳува ҳадду ҳудуд дорад

Яҳува гузошт, ки Ошур Исроилро забт кунад (4Пш 17:5, 6; it «Шалманосар»).

Яҳува халқашро ҷазо дод, чунки онҳо корҳои бадашонро давом медоданд (4Пш 17:9–12; it «Асирӣ»).

Яҳува бо исроилиён пурсабр буд ва гаштаву баргашта онҳоро аз хатар огоҳ мекард (4Пш 17:13, 14).

Падари меҳрубони мо бо инсонҳои нокомил хеле пуртоқат аст (2Пт 3:9). Лекин ба қарибӣ Яҳува барои иҷрои нияташ амал намуда одамони бадро нест мекунад. Чӣ тавр ин бояд моро барангезад, ки ба маслиҳату дастури ӯ бодиққат бошем ва боғайратона хушхабарро паҳн кунем?