БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Хурсанд бошед, ки шуморо озор медиҳанд
Мо, масеҳиён, медонем, ки бо зиддиятҳо рӯ ба рӯ мешавем (Юҳ 15:20). Ҳарчанд озору зиддиятҳо ғаму дард ва ташвиши зиёд меоранд, мо метавонем дар баробари онҳо хурсандӣ ҳис кунем (Мт 5:10–12; 1Пт 2:19, 20).
ВИДЕОНАВОРИ «МО ХУРСАНД БУДА МЕТАВОНЕМ, НИГОҲ НАКАРДА БА ТАЪҚИБОТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Шумо аз таҷрибаи бародар Баженов дар бораи
-
хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас чӣ омӯхтед?
-
қабул кардани кумаки ҳамимонон чӣ омӯхтед? a
-
мунтазам дуо гуфтан чӣ омӯхтед?
-
сароидани сурудҳоямон чӣ омӯхтед?
-
шаҳодат додан дар бораи имонамон чӣ омӯхтед?
a Мо метавонем дар ҳаққи бародару хоҳароне, ки барои имонашон дар маҳбасанд, ном ба ном дуо гӯем. Лекин филиал наметавонад номаҳои моро ба онҳо фиристад.