Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Кори имрӯзаро ба фардо нагузоред

Кори имрӯзаро ба фардо нагузоред

Вақте Яҳува ба Еҳу супориш дод, ки аҳли хонаводаи Аҳъобро нобуд кунад, ӯ дарҳол онро иҷро намуд. Еҳу фикр накард, ки ин корро баъдтар карда метавонад (4Пш 9:6, 7, 16). Имрӯз баъзеҳо мегӯянд: «Ман баъди як-ду сол таъмид мегирам»; «Ба наздикӣ ман ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддасро сар мекунам»; «Аввал кори нағз ёбам, баъд хизмати пешравиро сар мекунам». Каломи Худо ба мо ёрдам мекунад, то корҳоеро, ки бо ибодатамон алоқаманданд, ба фардо нагузорем.

Чӣ тавр оятҳои зерин ба мо кумак мекунанд, ки кори имрӯзро ба фардо нагузорем?