БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Яҳува дуоҳои моро қадр мекунад
Дуоҳои хуб мисли бухури хушбӯе мебошанд, ки ҳар рӯз дар ибодатгоҳ ба Яҳува оварда мешуд (Зб 141:2). Вақте дар дуо ба Падари осмониамон муҳаббат ва миннатдориамонро баён мекунем, дар бораи хавотириҳою хоҳишҳоямон гап мезанем ва роҳнамоияшро мепурсем, нишон медиҳем, ки дӯстиамонро бо ӯ қадр мекунем. Дуоҳои кӯтоҳе, ки дар ҷамъомад аз номи ҳама гуфта мешаванд, қисми муҳими ибодатамон мебошанд. Лекин Яҳува ҳамчунин дуоҳои шахсии моро, ки дар он диламонро холӣ карда, бо ӯ дурудароз гап мезанем, шунида хурсанд мешавад ва онро қадр мекунад (Пнм 15:8).
ВИДЕОНАВОРИ «МАН ҲАМЕША ДУО МЕГӮЯМ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Бародар Клавдиюс дар ташкилоти Яҳува чӣ гуна вазифаҳо дошт?
-
Чӣ тавр дуо ба бародар Клавдиюс кумак кард, ки ба Яҳува такя кунад?
-
Шумо аз намунаи бародар Клавдиюс чӣ дарс гирифтед?