БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Яҳува меҳнати шуморо фаромӯш намекунад
Баъзан ба назар чунин метобад, ки одамон меҳнати моро қадр намекунанд ва корҳои некамонро тез фаромӯш месозанд. Лекин дар бораи Яҳува чӣ гуфтан мумкин аст? Худои мо корҳоямонро қадр мекунад ва кӯшишу ғайрати моро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад. Ҳатто вақте ки мо аз сабаби саломатиамон корҳоеро, ки пештар мекардем, карда натавонем, ӯ моро намепартояд (Ибр 6:10).
ВИДЕОНАВОРИ «ЯҲУВА ҲАМА ЧИЗРО ДАР ЁД ДОРАД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр бародар Дейвид дар ҳар намуди хизмат боғайратона меҳнат кард?
-
Бо кадом роҳҳо Яҳува нишон медиҳад, ки бародар Дейвидро баъди вафоти занаш ва ҳамчунин баъди солхӯрда шуданаш фаромӯш накардааст?
-
Чаро гуфтан мумкин аст, ки бародар Дейвид, ки солҳои зиёд пурравақт хизмат мекард, ҳаёти пурмаъною бобарака дошт? (Пнм 10:22).