Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

16–22 декабр

ЗАБУР 119:57–120

16–22 декабр

Суруди 154 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Чӣ тавр ба азобу уқубат тоб орем?

(10 дақ.)

Хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза ронданро бас накунед (Зб 119:61; w06 15.6 саҳ. 20, сарх. 2; w00 1.12, саҳ. 14, сарх. 3).

Дар ёд доред, ки озмоишҳо шуморо беҳтар карда метавонанд (Зб 119:71; w06 1.9 саҳ. 14, сарх. 4).

Аз Яҳува кумаку тасаллӣ пурсед (Зб 119:76; w17.07 саҳ. 13, сарх. 3, 5).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Дар вақтҳои тангӣ Яҳува бо кадом роҳҳо ба ман ёрдам мекунад, ки таслим нашавам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 119:96 — Маънои ин оят, ба эҳтимоли зиёд, чист? (w06 1.9 саҳ. 14, сарх. 5).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Ба шахс сомонаи jw.org-ро нишон дода, корти сомонаамонро диҳед (lmd дарси 2, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Шахсро ба суханронии навбатие, ки рӯзҳои истироҳат дар ҷамъомад садо медиҳад, даъват кунед. Диққати ӯро ба видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» равона намуда, онро муҳокима кунед (дар вақти намоиш видеонаворро намонед) (lmd дарси 8, қисми 3).

6. Эътиқоди худро фаҳмонед

(5 дақ.) Муҳокима. ijwbq-U мақолаи 157. Мавзуъ: «Дар Китоби Муқаддас дар бораи офатҳои табиӣ чӣ гуфта шудааст?» (lmd дарси 3, қисми 3).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 135

7. Яҳува ёрдам мерасонад, ки истодагӣ кунем

(15 дақ.) Муҳокима.

Истодагӣ касро дар душвориҳо побарҷо мегузорад. Он моро устувор гардонда, кумак мекунад, ки ба душвориҳоямон дуруст муносибат кунем ва некбин бошем. Агар истодагӣ дошта бошем, ҳангоми сахтиҳо ақиб намегардем ё суст намешавем (Ибр 10:36–39). Яҳува ҳамеша тайёр аст, ки дар ҳар гуна озмоишҳо барои истодагӣ карданамон ба мо мадад расонад (Ибр 13:6).

Дар таги ҳар як оят нависед, ки чӣ хел Яҳува ба шумо ёрдам мекунад, то дар вақти озмоишҳо ба ӯ вафодор монед.

ВИДЕОНАВОРИ «Дар ҳаққи ҳамимонон самимона дуо гӯед»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ хел сомонаи jw.org ба мо ёрӣ мерасонад, ки дар бораи озмоишҳои бародару хоҳарон хабардор бошем?

  • Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон дар ҳаққи дигарон дуо гуфтанро ёд дода метавонанд ва ин чӣ фоида дорад?

  • Чаро муҳим аст, ки дар ҳаққи бародару хоҳарон дуо кунем, то дар тангиҳо истодагӣ кунанд?

  • Чӣ тавр дуо дар ҳаққи дигарон ба худи мо ёрдам мекунад, ки дар озмоишҳо истодагӣ кунем?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 27 ва дуо