23–29 декабр
ЗАБУР 119:121–176
Суруди 26 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. Чӣ тавр аз хавотириҳои беҳуда дур бошем?
(10 дақ.)
Амрҳои Яҳуваро дӯст доред (Зб 119:127; w18.06 саҳ. 17, сарх. 5, 6).
Аз ҳар чизе, ки Худо бад мебинад, нафрат кунед (Зб 119:128; w93 15.4 саҳ. 17, сарх. 12).
Ба Яҳува гӯш диҳед ва аз вазъиятҳое, ки душвориро ба миён меоранд, дурӣ ҷӯед (Зб 119:130, 133; Пнм 22:3).
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ кор кунам, ки амрҳои Худоро дӯст дораму аз корҳои бад нафрат кунам?»
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
-
Зб 119:160 — Мувофиқи ин оят мо аз чӣ дилпур буда метавонем? (w23.01 саҳ. 2, сарх. 2).
-
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Зб 119:121–152 (th дарси 2).
4. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА (lmd дарси 1, қисми 5).
5. Шавқмандонро хабар гиред
(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Ба шахс нишон диҳед, ки чӣ тавр аз сомонаи jw.org маълумоти барояш шавқоварро ёфта метавонад (lmd дарси 8, қисми 3).
6. Шогирд тайёр кунед
(5 дақ.) Суҳбат бо омӯзандае, ки як-як ба ҷамъомад меравад (lmd дарси 12, қисми 4).
Суруди 52
7. Нагузоред, ки пул дарди сари зиёдатӣ орад
(15 дақ.) Муҳокима.
Касоне, ки ба доми пулпарастӣ афтоданд, «худро ба азобҳои зиёд гирифтор карданд» (1Тм 6:9, 10). Агар ба пул дил бандем ва гузорем, ки он дар ҳаётамон ҷойи муҳимро ишғол кунад, оқибат чӣ мешавад? Биёед ба баъзе мавридҳои зерин назар кунем:
-
Мо дӯсти наздики Яҳува шуда наметавонем (Мт 6:24).
-
Аз пул сер намешавем (Пг 5:10).
-
Бо васвасаи нодуруст рафтор кардан дучор мешавем, масалан бо фиреб, дуздӣ ва ё хоинӣ (Пнм 28:20). Агар ба ин васвасаҳо дода шавем, азоби виҷдон мекашем, беобрӯ мешавем ва ризои Яҳуваро аз даст медиҳем.
Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Ибриён 13:5-ро хонанд. Сипас саволҳои зеринро диҳед:
-
Барои ин ки худро ба дарди сари зиёдатӣ гирифтор накунем, ба пул бояд чӣ хел муносибат кунем ва чаро?
Агар пулро бохирадона истифода бурда натавонем, пулдӯст набошем ҳам, худро ба душвориҳои зиёд гирифтор мекунем.
АНИМАТСИЯИИ ФЛОМАСТЕРИИ «Пулатро дуруст сарф кун»-ро монед. сипас аз шунавандагон пурсед:
-
Чаро мо бояд буҷет тартиб диҳем ва чӣ тавр?
-
Барои чӣ пасандоз кардани пул аз рӯйи хирад аст?
-
Чаро беҳуда қарз гирифтан нағз нест?
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 20, сарх. 1–7, пешгуфтори фасли 7