Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

25 ноябр — 1 декабр

ЗАБУР 109–112

25 ноябр — 1 декабр

Суруди 30 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Исоро, ки Подшоҳи мост дастгирӣ кунед!

(10 дақ.)

Исо баъди ба осмон рафтанаш аз дасти рости Худо нишаст (Зб 110:1; w06 1.9 саҳ. 13, сарх. 6).

Соли 1914 Исо дар байни душманонаш ҳукмронӣ карданро сар кард (Зб 110:2; w00 1.4 саҳ. 18, сарх. 3).

Мо то ҳадди тавонамон ҳукмронии Исоро дастгирӣ менамоем (Зб 110:3; be саҳ. 76, сарх. 2).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Ман барои дастгирии Подшоҳии Худо кадом мақсадҳоро гузошта метавонам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 110:4 — Дар ин оят ба кадом аҳд ишора шудааст ва он барои чӣ баста шуд? (it «Аҳд»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбатро бо истифодаи рисола сар кунед (lmd дарси 4, қисми 3).

5. Эътиқоди худро фаҳмонед

(5 дақ.) Намоиш дар асоси ijwfq мақолаи 23. Мавзуъ: «Чаро Шоҳидони Яҳува ба ҷанг намераванд?» (lmd дарси 4, қисми 4).

6. Шогирд тайёр кунед

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 16

7. Чӣ тавр содиқона Подшоҳии Худоро дастгирӣ карда метавонем?

(15 дақ.) Муҳокима.

Подшоҳие, ки Яҳува барпо кард, исбот мекунад, ки ӯ Ҳокими Олам аст (Дн 2:44, 45). Аз ин рӯ вақте мо фаъолона Подшоҳии Худоро дастгирӣ мекунем, нишон медиҳем, ки ҳукмронии Яҳува аз ҳама беҳтарин аст.

ВИДЕОНАВОРИ «“Мири осоиштагӣ”-ро содиқона дастгирӣ намоед»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ тавр содиқона Подшоҳии Худоро дастгирӣ карда метавонем?

Барои дастгирии Подшоҳии Худо роҳҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар поён баъзеи онҳо оварда шудаанд. Зери ҳар яки ин мавридҳо оятҳои мувофиқро нависед.

  • Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввали ҳаётамон монем.

  • Мувофиқи меъёрҳои баланди ахлоқие, ки Яҳува аз шаҳрвандони ин Подшоҳӣ талаб мекунад, зиндагӣ кунем.

  • Ҳамеша имконият ҷуста дар бораи Подшоҳии Худо ба дигарон гап занем.

  • Ба ҳукуматдорон то замоне, ки қонунҳояшон бо қонунҳои Худо зид набароянд, итоат кунем.

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 10 ва дуо