30 декабри 2024 — 5 январи 2025
ЗАБУР 120–126
Суруди 24 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. Онҳо бо ашк киштанд, вале бо шодӣ дарав карданд
(10 дақ.)
Исроилиён хурсанд буданд, ки аз Бобил озод шуданд, то ки парастиши покро барқарор намоянд (Зб 126:1–3).
Онҳое, ки ба Яҳудо баргаштанд, эҳтимол, аз бисёрии кор гиря карданд (Зб 126:5; w04 1.6 саҳ. 16, сарх. 10).
Исроилиён таслим нашуданд ва Яҳува онҳоро баракат дод (Зб 126:6; w21.11 саҳ. 24, сарх. 17; w01 15.7 саҳ. 18, 19, сарх. 13, 14; ба расми муқова нигаред).
БАРОИ МУЛОҲИЗА: «Баъди Ҳармаҷиддӯн, дар вақти бозсозии замин, мо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем? Лекин, агар рӯҳафтода нашавем, чӣ гуна баракатҳоро соҳиб мешавем?»
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
-
Зб 124:2–5 — Яҳува дар гузашта ҳалқи худ, Исроилро, ҷисман ҳимоя мекард, оё имрӯз низ ҳамин тавр мекунад? (cl саҳ. 73, сарх. 15).
-
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Зб 124:1–126:6 (th дарси 5).
4. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ (lmd дарси 3, қисми 5).
5. Шавқмандонро хабар гиред
(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки дафъаи гузашта гуфта буд, ки ба аниқу дақиқ будани гуфтаҳои Китоби Муқаддас шубҳа дорад (lmd дарси 9, қисми 5).
6. Шогирд тайёр кунед
Суруди 155
7. Ваъдаҳои Худо хурсандибахш аст
(15 дақ.) Муҳокима.
Яҳува ҳамеша ваъдаеро, ки ба халқаш Исроил дода буд, иҷро мекард. Ӯ онҳоро аз асирии Бобил озод намуд ва гуноҳҳояшонро бахшид (Иш 33:24). Худо исроилиён ва чорвои онҳоро аз шер ва дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳимоя мекард (Иш 65:25). Яҳудиён дар хонаҳои худ зиндагӣ карда, меваи токҳои худро хӯрда метавонистанд (Иш 65:21). Худованд меҳнати онҳоро баракат дод ва онҳо умри дароз диданд (Иш 65:22, 23).
ВИДЕОНАВОРИ «Худо тинҷиву амониро ваъда медиҳад (Порча)»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
-
Чӣ тавр ин пешгӯйиҳо имрӯз иҷро мешаванд?
-
Чӣ тавр онҳо дар дунёи нав дар миқёси калонтар иҷро мешаванд?
-
Шумо иҷрошавии кадоме аз ин пешгӯйиҳоро бештар интизоред?
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 20, сарх. 8–12, чорчӯбаи саҳ. 183