Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

4–10 ноябр

ЗАБУР 105

4–10 ноябр

Суруди 152 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. «Аҳдашро то абад дар ёд дорад»

(10 дақ.)

Яҳува ба Иброҳим ваъда дод ва онро ба Исҳоқу Яъқуб такрор кард (1Мс 15:18; 26:3; 28:13; Зб 105:8–11).

Иҷро шудани ин ваъда ғайриимкон метофт (Зб 105:12, 13; w23.04 саҳ. 28, сарх. 11, 12).

Яҳува аҳдеро, ки бо Иброҳим баста буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард (Зб 105:42–44; it «Сухан; калом»).


АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр донистани он ки Яҳува ҳамеша ба гапаш меистад, ба мо ёрдам мекунад, ки ба оянда бо дилпурӣ назар дӯзем?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 105:17–19 — Чӣ хел «сухани Яҳува» Юсуфро гудохта, тоза кард? (w86 1.11 саҳ. 19, сарх. 15).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(1 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки банд аст (lmd дарси 2, қисми 5).

5. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Вақте шахс баҳсро сар мекунад, бо мулоимӣ ба суҳбат хотима бахшед (lmd дарси 4, қисми 5).

6. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Ба соҳибхона, ки дафъаи гузашта ба мавзуе шавқ зоҳир карда буд, маҷаллаи мувофиқро пешниҳод кунед (lmd дарси 8, қисми 3).

7. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахс дар бораи барномаи JW Library® гап занед ва нишон диҳед, ки чӣ тавр онро насб кардан мумкин аст (lmd дарси 9, қисми 5).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 25

8. Чӣ тавр нишон диҳем, ки Писари Худоро дӯст медорем?

(15 дақ.) Муҳокима.

Мо вақт, қувват ва дороии худро ба кори Худо сарф карда нишон медиҳем, ки шоҳи таъйинкардаи ӯ, Исои Масеҳро, дӯст медорем. Ҳамин хел мо Яҳуваро шод мекунем ва ба бародару хоҳарон манфиат меорем (Юҳ 14:23). Дар сомонаи jw.org силсиламақолаҳои «Хайрияҳои шумо ба чӣ сарф мешавад?» нашр мегарданд. Аз ин мақолаҳо шумо фаҳмида метавонед, ки маблағҳои хайрияшуда ба бародару хоҳарон чӣ манфиат меоранд.

ВИДЕОНАВОРИ «Хайрияҳои шумо хеле муҳиманд!»-ро монед. Сипас, аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ тавр бо ёрии хайрияҳо ҳуқуқи озодии парастиши ҳамдинонамон ҳимоя карда мешавад?

  • Чӣ тавр баробар тақсим кардани маблағҳои хайрияшуда дар сохтмони ибодатгоҳҳо ёрдам мекунанд? (2Қр 8:14).

  • Чӣ хел бо ёрии хайрияҳо Китоби Муқаддас ба бисёр забонҳо тарҷума карда мешавад?

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 48 ва дуо