БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Саҳми ман дар обрӯйи халқи Яҳува
Одамони гирду атроф ба рафтори Шоҳидони Яҳува аҳамият медиҳанд (1Қр 4:9). Мо аз худ пурсида метавонем: «Оё рафтору гуфтори ман Яҳуваро ҷалол медиҳад?» (1Пт 2:12). Албатта, мо номи неки Шоҳидони Яҳуваро, ки барои ба даст оварданаш солҳои зиёд сарф шудааст, доғдор кардан намехоҳем (Пг 10:1).
Нависед, ки дар ҳолатҳои зерин масеҳӣ бояд чӣ гуна рафтор кунад ва кадом оятро дар ин маврид истифода бурдан мумкин аст:
-
Касе, ки Шоҳиди Яҳува нест, шуморо танқид мекунад.
-
Сару либос, мошин ё хонаи шумо на он қадар тоза мебошад.
-
Кадом як қонуни маҳаллӣ ба назаратон беадолатона ё иҷро карданаш душвор метобад.
Шуъбаи тадқиқоти кумитаи нависандагӣ дар номи нек доштанамон чӣ гуна саҳм мегузорад?
ВИДЕОНАВОРИ «ОДАМОНЕ, КИ ҲАҚИҚАТРО ҚАДР МЕКУНАНД ВА ДӮСТ МЕДОРАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Дар он ки чӣ хел ташкилоти мо маълумоти аниқу дақиқро омода месозад, чӣ ба шумо бештар маъқул шуд?