БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Оё шумо хайрияҳои худро ба нақша мегиред?
Павлуси расул маслиҳат дода буд, ки хайрияҳои худро ба нақша гирем ва пешакӣ мувофиқи даромади худ мунтазам «маблағи муайянеро ҷудо» кунем (1Қр 16:2). Ин маслиҳатро ба кор бурда мо ибодати покро дастгирӣ мекунем ва хурсандӣ мегирем. Баъзан шояд хайрияи мо ба назарамон ночиз тобад. Лекин дилпур бошед, ки Яҳува онро хеле қадр мекунад, чунки шумо мувофиқи суханони зерини Панднома 3:9 амал мекунед: «Яҳуваро бо чизҳои пурқиматат, бо навбари тамоми ҳосилат иззат намо».
ВИДЕОНАВОРИ «РАҲМАТ БАРОИ ХАЙРИЯҲОЯТОН»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Ба нақша гирифтани хайрияҳои худ чӣ манфиат меорад?
-
Чӣ тавр баъзеҳо барои хайрия «маблағи муайянеро ҷудо» мекунанд?