«Нагузор, ки дилат ба дигар тараф майл кунад»
Принсипу қонунҳои Яҳува моро муҳофизат мекунанд. Агар аз онҳо фоида гирифтан хоҳем, мо бояд онҳоро дар дили худ ҷойгир кунем (Мс 7:3). Агар ходими Худо гузорад, ки дилаш ба дигар тараф майл кунад, он гоҳ ӯ ба осонӣ луқмаи Шайтон мешавад. Аз боби ҳафтуми китоби Масалҳо дар бораи ҷавоне мехонем, ки гузошт, то дилаш ӯро фиреб кунад. Мо аз хатогии ин ҷавон чӣ дарс мегирем?
-
Чизе ки мебинем
-
Чизе ки мерасем
-
Чизе ки мечашем
-
Чизе ки бӯй мекунем
-
Чизе ки мешунавем
-
Шайтон аз панҷ ҳисси асосиамон истифода бурда кӯшиш мекунад, ки мо ба кори бад даст занем ва аз Яҳува дур шавем
-
Хирад ва бофаҳмӣ кӯмак мекунад, ки дар бораи оқибати рафтори бадамон андеша кунем ва аз он дурӣ ҷӯем