Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАСАЛҲО 12–16

Хирад аз тилло беҳтар аст

Хирад аз тилло беҳтар аст

Барои чӣ хиради илоҳӣ пурқимат аст? Зеро касе ки онро дошта бошад, оқибати талхи рафтори нодурустро намечашад ва ҳаёташро нигоҳ медорад. Шахсе ки дорои хиради илоҳист, рафтор, гуфтор ва рӯҳияи хуб дорад.

Хирад аз ғурур нигаҳ медорад

16:18, 19

  • Шахси бохирад дарк мекунад, ки танҳо Яҳува Сарчашмаи хирад аст

  • Касоне, ки ягон муваффақият ба даст меоранд ва ё соҳиби ягон таъинот мешаванд, боз ҳам бештар бояд кӯшиш кунанд, ки ба доми ғуруру ҳавобаландӣ наафтанд

Суханони шахси хирадманд ободкунандаанд

16:21–24

  • Шахси хирадманд фаҳмиши худро ба кор бурда дар одамон чизи некро мекобад ва дар ҳаққи онҳо сухани нағз мегӯяд

  • Шахси хирадманд тезу тунд ва ё дағал нест. Суханони ӯ таъсирбахшанд ва мисли асал ширинанд