Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Чӣ тавр дар ҷамъомад шарҳи хуб диҳем?

Чӣ тавр дар ҷамъомад шарҳи хуб диҳем?

Шарҳҳои хуб ҷамъомадро обод мекунанд (Рм 14:19). Ҳамчунин онҳо ба худи гӯянда фоида меоранд (Мс 15:23, 28). Барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем, то дар ҳар як вохӯрӣ камаш як бор ҷавоб диҳем. Албатта, на ҳар боре ки даст мебардорем, моро мепурсанд. Барои ҳамин мо дар хона ба якчанд савол ҷавоб тайёр мекунем.

Агар шарҳи хуб додан хоҳед...

  • одӣ, равшан ва кӯтоҳ ҷавоб диҳед. Кӯшиш кунед, ки шарҳатонро дар давоми 30 сония ё камтар гӯед

  • бо суханони худ гап занед

  • ҷавоберо, ки аллакай доданд, такрор накунед

Агар шуморо якум пурсанд...

  • ба савол ҷавоби аниқу кӯтоҳ диҳед

Агар ба савол аллакай ҷавоб дода бошанд, шумо метавонед...

  • фаҳмонед, ки чӣ тавр оят фикри асосиро тасдиқ мекунад

  • нақл кунед, ки чӣ тавр ин мавзӯъ ба ҳаёти шумо таъсир мерасонад

  • гӯед, ки чӣ тавр шумо ин маълумотро ба кор бурданиед

  • мисол ё воқеаи кӯтоҳе оред, ки фикри асосиро тасдиқ мекунад