Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАСАЛҲО 1–6

Бо тамоми дили худ ба Яҳува таваккал намо

Бо тамоми дили худ ба Яҳува таваккал намо

Яҳува бешакку шубҳа сазовори боварии мо мебошад. Маънои номи Ӯ ба мо боварӣ мебахшад, ки ваъдаҳояшро иҷро мекунад. Барои он ки бовариамон ба Худо зиёд шавад, дуо гуфтан хеле муҳим аст. Дар Масалҳо боби 3 гуфта мешавад, ки агар мо пурра ба Яҳува бовар кунем, ӯ роҳҳои моро рост мекунад.

Онҳое, ки дар назари худашон хирадманданд...

3:5–7

  • пеш аз қабул кардани қарор аз Яҳува роҳнамоӣ намепурсанд

  • ба хиради худ ё хиради ин дунё такя мекунанд

Онҳое, ки ба Яҳува такя мекунанд...

  • бо омӯзиши Китоби Муқаддас, мулоҳиза ва дуо ба Яҳува наздиктар мешаванд

  • вақте қарор қабул мекунанд, аз принсипҳои Каломи Худо роҳнамоӣ меҷӯянд

МАН ОДАТАН ЧӢ ХЕЛ РАФТОР МЕКУНАМ?

АВВАЛ: Кадом қароре, ки ба назари худам дуруст тобад, қабул мекунам

АВВАЛ: Ба воситаи омӯзиши шахсӣ ва дуо аз Яҳува роҳбарӣ мепурсам

БАЪД: Аз Яҳува мепурсам, ки қарорамро баракат диҳад

БАЪД: Қароре қабул мекунам, ки аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас бошад