БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Оё шумо суроғаи сайтамонро истифода мебаред?
Мусибати бузург наздик аст, барои ҳамин мо набояд кори мавъизаро ба қафо партоем (Мс 24:11, 12, 20). Ба воситаи ин визитка мо диққати одамонро ба Каломи Худо ва сайтамон равона мекунем. Дар корт коде ҳаст ва агар шахс онро сканер кунад, видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро тамошо карда метавонад. Ҳамчунин он корт шахсро даъват мекунад, ки омӯзиши Китоби Муқаддас ё маълумоти иловагиро дархост кунад. Баъзе одамон адабиётамонро гирифтан намехоҳанд, лекин онҳо тайёранд, ки ба сайтамон дароянд. Барои ҳамин хуб мебуд, ки ба онҳо кортро пешкаш кунем. Лекин мо ба шахсоне, ки шавқ надоранд, кортро намемонем.
Барои бедор кардани шавқи одам шумо чунин гуфта метавонед: «Ман ба шумо як чизро додан мехоҳам. Ба воситаи ин визитка шумо метавонед ба сайти мо дароед ва дар мавзӯъҳои гуногун маълумот ва видеонаворҳоро гиред» (Юҳ 4:7). Ин кортҳо майдаанд, барои ҳамин шумо метавонед якчандтоашро бо худ гирифта гардед, то ҳар як имкониятро истифода бурда ба дигарон пешкаш кунед.