Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАСАЛҲО 22–26

«Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо»

«Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо»

Дар Китоби Муқаддас барои волидон маслиҳатҳои хуб оварда шудаанд. «То ниҳол тар аст, бояд рост кард» гуфтаанд. Барои ҳамин фарзандро аз хурдӣ бояд дар роҳи Яҳува таълим дод. Агар падару модар чунин кунанд, эҳтимоли бештар аст, ки фарзанд калон шавад ҳам, хизмати Яҳуваро давом медиҳад.

22:6

  • Барои тарбия кардани фарзанд вақту қувват даркор аст

  • Падару модар бояд ба фарзандони худ намунаи хуб гузоранд, онҳоро таълим диҳанд, ислоҳ кунанд ва аз рафтори нодуруст огоҳ кунанд

22:15

  • Падару модар бояд фарзандашонро бо муҳаббат тарбия кунанд, то тарзи фикри ӯро ислоҳ кунанд

  • Кӯдакон аз якдигар фарқ мекунанд, барои ҳамин шояд ҳар яки онҳоро ҳар хел тарбия кардан даркор шавад