Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Масеҳиёни ҳақиқӣ бо муҳаббати худ аз дигарон фарқ мекунанд. Аз ростӣ шод гардед

Масеҳиёни ҳақиқӣ бо муҳаббати худ аз дигарон фарқ мекунанд. Аз ростӣ шод гардед

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Мо чун шогирдони Исо бояд ҳақиқатро дар бораи нияти Худо шаҳодат диҳем (Юҳ 18:37). Ҳамчунин, нигоҳ накарда ба он ки дар ҷаҳони пур аз фиребу бадкорӣ зиндагӣ дорем, ба мо лозим аст, ки аз ростӣ хурсанд шавем, гапи рост гӯем ва дар бораи чизҳое мулоҳиза ронем, ки ростанд (1Қр 13:6; Фп 4:8).

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:

  • Боварӣ ҳосил кунед, ки на худатон ғайбат мекунеду на онро мешунаведу паҳн мекунед (1Тс 4:11)

  • Аз бадбахтие, ки ба сари дигарон меояд, шодӣ накунед

  • Аз чизҳое, ки обод мекунад, хурсандӣ гиред

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР БАЙНАТОН МУҲАББАТ БОШАД. АЗ РОСТӢ ХУРСАНД ШАВЕД, НА АЗ БАДӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро гуфтан мумкин аст, ки Дебби аз бадбахтии дигарон хурсанд шуд?

  • Чӣ тавр Элис ҳангоми сӯҳбат бо Дебби гапро ба дигар тараф бурд?

  • Мо дар бораи кадом чизҳои фоиданок сӯҳбат карда метавонем?

Аз бадӣ хурсанд нашавед, балки аз ростӣ хурсанд шавед