Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Маъракаи махсуси эълон кардани Подшоҳии Худо дар моҳи ноябр

Маъракаи махсуси эълон кардани Подшоҳии Худо дар моҳи ноябр

Исо «хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо» эълон мекард (Лқ 4:43). Ӯ ҳамчунин ба одамон ёд медод, ки дар бораи ин Подшоҳӣ дуо гӯянд (Мт 6:9, 10). Дар моҳи ноябр мо кӯшиш мекунем, ки ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо гап занем (Мт 24:14). Оё шумо метавонед ба нақшаи худ дигаргунӣ дароварда, дар ин маърака бисёртар иштирок кунед? Дар ин моҳ шумо имкон доред, ки пешрави ёвар шуда ба миқдори 30 ё 50 соат хизмат кунед.

Эътиқоди одамони маҳаллатонро ба назар гирифта оятҳоеро интихоб кунед, ки дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекунанд ва ба шумораи бештари одамон онҳоро хонед. Агар ягон кас дар сӯҳбати аввал шавқ зоҳир кунад, ба ӯ намуди электронии нашри оммавии маҷаллаи Бурҷи дидбонии № 2-ро аз соли 2020 пешниҳод кунед. Сипас шахсеро, ки шавқ зоҳир кард, ҳарчи тезтар хабар гиред ва аз Маводи таълимӣ ягон адабиётро интихоб карда, омӯзиш сар кунед. Ба наздикӣ Подшоҳии Худо ҳамаи ҳокимиятҳоеро, ки ба Ӯ зид мебароянд, нест мекунад (Дн 2:44; 1Қр 15:24, 25). Барои ҳамин биёед аз имконият истифода бурда ба Яҳува ва Подшоҳии Ӯ садоқатмандиамонро нишон диҳем.

Подшоҳии Худо рӯйи заминро ба биҳишт табдил медиҳад