Қурбонгоҳҳои хаймаи муқаддас, ки мувофиқи дастуроти Яҳува сохта шуда буданд, маънои махсус доштанд.
-
Чи хеле ки бухури бодиққат тайёршуда ба Яҳува форам буд, дуоҳои хизматгорони Яҳува низ ба Ӯ писанданд
-
Яҳува ҳадияҳоеро, ки дар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ оварда мешуд, қабул мекард. Қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ «хости» Худоро, яъне хоҳиши қабул кардани қурбонии комили Писари ягонаашро тасвир мекард. Он қурбонгоҳ дар рӯ ба рӯйи хайма буд ва ин хотиррасон мекунад, ки барои ба Яҳува писанд омадан мо бояд ба қурбонии Исо имон орем (Ибр 10:5–10; Юҳ 3:16–18).
Мо чӣ кор карда метавонем, то дуоҳоямон мисли бухури нағз тайёр шуда ба Яҳува писанд бошанд? (Зб 140:2)