Исроилиён зери таъсири ақидаҳои мисриён бутпарастиро ба худ раво диданд. Дар рӯзҳои мо намудҳои зиёди бутпарастӣ вуҷуд дорад, ки баъзеи онҳоро пай бурдан душвор аст. Албатта, мо ҳеҷ гоҳ аслан бутҳоро парастиш намекунем. Лекин чунин шуданаш мумкин аст, ки аз пайи хоҳишҳои худ шуда Яҳуваро аз сидқи дил ибодат намекунем. Дар чунин маврид мо низ мисли бутпарастон мешавем.
Кадом корҳои ҳаррӯза диққати маро аз ибодати Яҳува парешон карда метавонад ва чӣ тавр нагузорам, ки онҳо аз хизмати Яҳува муҳимтар гарданд?