Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЗАБУР 134–140

Мо ба таври аҷоиб офарида шудаем

Мо ба таври аҷоиб офарида шудаем

Довуд дар бораи хислатҳои аҷоиби Худо, ки дар офаридаҳояш дидан мумкин аст, фикру мулоҳиза мекард. Ӯ қобилияти фикррониашро дар хизмати Яҳува истифода мебурд.

Мулоҳиза дар бораи офаридаҳои Яҳува Довудро бармеангехт, ки Худоро ҳамду сано хонад:

138:14

  • «Туро ҳамд хоҳам гуфт барои он ки ба таври хеле аҷоиб офарида шудаам: аъмоли Ту аҷоиб аст, ва ҷонам инро нағз медонад»

138:15

  • «Устухонҳоям аз Ту пӯшида набуд, вақте ки дар ниҳон сохта мешудам, дар таҳтуссаро ба вуҷуд меомадам»

138:16

  • «Ҷанинамро чашмони Ту дидааст, ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям навишта шудааст»