Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Вақти омӯзиш ба ин хатогиҳо роҳ надиҳед

Вақти омӯзиш ба ин хатогиҳо роҳ надиҳед

Бисёр гап назанед. Фикр накунед, ки шумо бояд ҳар як чизро фаҳмонед. Исо аз саволҳо истифода бурда ба одамон ёрдам мекард, ки фикру мулоҳиза ронанд ва ба хулосаи дуруст оянд (Мт 17:24–27). Саволҳо муҳокимаро зинда мегардонанд ва нишон медиҳанд, ки омӯзанда мавзӯъро чӣ хел мефаҳмад ва ба чӣ бовар дорад (be-U саҳ. 253, сарх. 2, 3). Вақте ба омӯзанда савол медиҳед, пуртоқатона ҷавобро интизор шавед. Агар ҷавоб нодуруст бошад, дарҳол ислоҳ накунед. Ба ҷойи ин саволҳои иловагӣ дода ба ӯ ёрдам кунед, ки худаш ба хулосаи дуруст ояд (be-U саҳ. 238, сарх. 1, 2). Фикрҳои навро саросема нашуда фаҳмонед, то ки омӯзанда маълумотро аз худ карда тавонад (be-U саҳ. 230, сарх. 4).

 

Мавзӯъро душвор накунед. Дар вақти муҳокимаи ягон мавзӯъ ба васваса дода шуда ҳама чизи дар бораи он медонистаатонро нақл накунед (Юҳ 16:12). Диққатро ба фикри асосии сархат равона созед (be-U саҳ. 226, сарх. 4, 5). Тафсилот ё маълумоти иловагӣ, ҳатто агар шавқовар бошад ҳам, метавонад диққатро аз мавзӯъ дур созад (be-U саҳ. 235, сарх. 3). Агар омӯзанда фикри асосии сархатро фаҳмад, метавонед ба сархати навбатӣ гузаред.

Муҳокимаро рӯ-рӯякӣ нагузаронед. Мақсади мо аз як боб ба боби дигар гузаштан нест, балки ба дили шунавандагон таъсир кардан аст (Лқ 24:32). Диққатро ба оятҳои асосии боб равона кунед. Ҳамин тавр шумо ба қувваи Каломи Худо такя мекунед (2Қр 10:4; Ибр 4:12; be-U саҳ. 144, сарх. 1–3). Мисолҳои одию осонфаҳмро истифода баред (be-U саҳ. 245, сарх. 2–4). Душвориҳо ва эътиқоди омӯзандаро ба назар гирифта маълумотро ба ниёзҳои ӯ мувофиқ кунед. Шумо метавонед ба ӯ чунин саволҳоро диҳед: «Аз мавзӯи имрӯза чӣ ба ту маъқул шуд? Аз ин маълумот ту дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидӣ? Ба фикри ту, ин маслиҳат аз кадом ҷиҳат фоиданок аст?» (be-U саҳ. 238, сарх. 3–5; be-U саҳ. 259, сарх. 2).