Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Шавқмандонро ба чамъомад даъват кунед

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Шавқмандонро ба чамъомад даъват кунед

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ? Дар ҷамъомадҳо мо имконият дорем, ки дар васфи Яҳува суруд хонем ва Ӯро ҳамду сано гӯем (Зб 149:1). Инчунин мо дар он ҷо дар бораи нияту хоҳишҳои Ӯ бештар мефаҳмем (Зб 142:10). Вақте шавқмандон ва омӯзандагони Китоби Муқаддас ба ҷамъомад меоянд, онҳо тезтар рушд мекунанд.

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД?

  • Ба қадри имкон шахсро зудтар ба ҷамъомад даъват кунед (Вҳ 22:17).

  • Ба шахси шавқманд фаҳмонед, ки дар барномаи имрӯза ва оянда чӣ муҳокима карда мешавад. Дар ин кор ба шумо ин чизҳо кӯмак карда метавонанд: даъватнома ба ҷамъомад, видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» ва дарси панҷу ҳафти брошураи «Иродаи Яҳува»

  • Кӯмак расонед. Оё шавқманд барои ба ҷамъомад рафтан ва ё интихоб кардани либоси шоиста ба кӯмаки шумо мӯҳтоҷ аст? Дар ҷамъомад дар наздаш нишаста адабиётатонро тавре қапед, ки ӯ ҳам дида тавонад. Ӯро ба дигарон шинос кунед