Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Вақте кӯдак дарро мекушояд

Вақте кӯдак дарро мекушояд

Вақте дарро кӯдак мекушояд, мо метавонем гӯем, ки падар ё модарашро ҷеғ занад. Бо ин рафторамон мо нишон медиҳем, ки онҳоро чун калони хона ҳурмат мекунем (Мс 6:20). Агар кӯдак моро ба хона даъват кунад, мо рад мекунем. Агар волидонаш дар хона набошанд, дафъаи дигар меоем.

Агар дарро ягон навҷавон кушояд, хуб мешуд, ки ба ҳар ҳол падару модарашро пурсем. Агар волидонаш дар хона набошанд, мо метавонем аз ӯ пурсем, ки оё волидонаш иҷозат медиҳанд, ки ба ӯ адабиёт монем. Агар онҳо зид набошанд, мо метавонем ба ӯ адабиёт монем ва ё суроғаи jw.org-ро нишон диҳем.

Вақте ҷавонеро, ки шавқ зоҳир карда буд, боздид мекунед, нағз мешуд, ки бори дигар волидонашро пурсед. Ин ба мо имконият медиҳад, ки мақсади омаданамонро фаҳмонем ва ба онҳо аз Китоби Муқаддас дар бораи оила маслиҳати хуберо хонем (Зб 118:86, 138). Ин сӯҳбату рафтори эҳтиромонаи мо шаҳодати хуб мешавад ва имкон медиҳад, ки ба ҳама аъзои оила хушхабарро гап занем (1Пт 2:12).