Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЗАБУР 118

Мувофиқи шариати Худованд рафтор кунед

Мувофиқи шариати Худованд рафтор кунед

Маънои мувофиқи шариати Яҳува рафтор намудан, гӯш кардани қонунҳои Ӯ мебошад. Дар Китоби Муқаддас намунаҳои зиёде ҳастанд, ки мисли забурнавис қонунҳои Яҳуваро риоя мекарданд ва ба Ӯ такя менамуданд.

Хушбахтии ҳақиқӣ аз риоя кардани шариати Худованд вобаста аст

118:1–8

Еҳушаъ ба роҳнамоии Яҳува боварии пурра дошт. Ӯ медонист, ки барои хушбахт будан ва ба даст овардани муваффақият, бояд пурра ба Яҳува такя кунад

Каломи Худо ба мо далерӣ медиҳад, то ба душвориҳои ҳаёт тоб оварда тавонем

118:33–40

Ирмиё дар вазъиятҳои душвор далерӣ нишон медод ва ба Яҳува такя мекард. Ӯ ҳаёти худро одӣ нигоҳ дошт ва дар таъиноти худ хизмат карданро давом дод

Дониши аниқ аз Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонад, ки дилпурона мавъиза кунем

118:41–48

Павлус аз мавъиза кардани хушхабари Худо наметарсид. Ӯ ба ҳоким Феликс далерона мавъиза кард, чунки ба кӯмаки Яҳува пурра бовар дошт

Ман дар куҷо ба дигарон дилпурона мавъиза карда метавонам?

  • Мактаб

  • Кор

  • Оила

  • Ҷои дигар