Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 5, 6

Бо нияти дуруст Исоро пайравӣ кунед

Бо нияти дуруст Исоро пайравӣ кунед

6:9–11, 25–27, 54, 66–69

Боре Исо ба шогирдонаш мисоле овард, ки фаҳмидани он барояшон душвор буд, баъзеҳо ҳатто норозигӣ нишон дода дигар ӯро пайравӣ накарданд. Чаро онҳо чунин карданд? Охир, як рӯз пеш Исо бо мӯъҷиза онҳоро сер кард ва исбот намуд, ки ҳамаи ин корҳоро бо қуввати Худо мекунад. Аз афташ, онҳо Исоро аз нияти нодуруст пайравӣ мекарданд. Онҳо барои чизеро ба даст овардан ҳамроҳи Исо мегаштанд.

Ҳар яки мо аз худ пурсида метавонем: «Чаро ман Исоро пайравӣ мекунам? Танҳо барои баракатҳое, ки ҳозир ё дар оянда мегирам? Ё барои он ки Яҳуваро дӯст медорам ва ба Ӯ маъқул шудан мехоҳам?»

Чаро, агар мо танҳо аз ниятҳои зерин ба Яҳува хизмат кунем, аз роҳи ҳақиқат дур шуда метавонем?

  • Ҳамроҳи халқи Яҳува будан ба мо маъқул аст

  • Дар биҳишт зиндагӣ кардан мехоҳем