БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Хусусиятҳои китоби «То абад зинда бошед!»
Оё ба шумо саволҳо ва видеонаворҳои «То абад зинда бошед!» маъқуланд? Бахшҳои «Баъзеҳо мегӯянд», «Мақсад» ва «Дида бароед» чӣ? Боз кадом хусусиятҳои ин китоб дар кори шогирдсозӣ ба шумо кумак мекунанд? (Мт 28:19, 20).
Адабиёту видеонаворҳо. Агар шумо барои омӯзиш китоби чопиро истифода бурдан хоҳед, пас чӣ тавр видеонаворҳо ва дигар адабиётро ба осонӣ дар як ҷо ёфта метавонед? Дар китоби электронӣ яке аз чор қисми асосиро интихоб кунед. Сипас дар поёни номгӯйи дарсҳо адабиёту видеоҳои он қисмро интихоб намоед. (Ба расми 1 нигаред.)
Нашри чопӣ. Агар бо касе ба воситаи таҷҳизоти электронӣ омӯзиш кунед, шояд, ба шумо вақт аз вақт дар давоми омӯзиш истифода бурдани нашри чопӣ лозим шавад. Барои ин дар болои саҳифаи дарс сенуқтаро зер карда, «Изображение»-ро интихоб намоед. Ин ба шумо кумак мекунад, то дар ёд доред, ки чӣ тавр маводе, ки хонда истодаед, бо мавзуи асосии дарс алоқаманд аст. Барои баргаштан ба нашри электронӣ боз ҳамон сенуқтаро зер карда, «Текст»-ро интихоб намоед ё ишорачаи бунафшро, ки дар поён аст, зер кунед.
«Оё ман тайёрам?» Ин чорчӯбаҳо пеш аз тамом шудани китоб оварда шудаанд. Он ҷо талаботи асосӣ барои бо аҳли ҷамоат хизмат кардан ва таъмид гирифтан навишта шудааст. (Ба расми 2 нигаред.)
Замима. Замима ягон мавзуи муҳимро шарҳу эзоҳ медиҳад. Дар нашри электронии китоб дар охири ҳар як замима пайванде ҳаст, ки шуморо ба ҷойи даркории дарс бармегардонад. (Ба расми 2 нигаред.)
Ҳатто агар омӯзанда китоби «То абад зинда бошед!»-ро тамом накарда таъмид гирад, онро то охир ҳамроҳаш гузаред. Дар ин ҳолат шумо метавонед мисли пештара дар ҳисоботатон вақт, боздид ва омӯзиш нависед. Ҳамроҳатон низ метавонад соати хизматашро нависад.