БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Аз умеди зиндашавӣ тасаллӣ ёбед
Касоне, ки шахси наздикашонро аз даст додаанд, аз умеди зиндашавӣ тасаллӣ ёфта метавонанд. Гуноҳу марг мисли рӯпӯши вазнине ҳамаи моро пӯшонидааст (Иш 25:7, 8). Ин яке аз сабабҳоест, ки барои чӣ «тамоми офаридаҳо то имрӯз оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд» (Рм 8:22). Чӣ тавр то зинда шудани наздиконамон ба марги онҳо тоб орем? Дар ин ба мо оятҳои Китоби Муқаддас кумак мекунанд.
ВИДЕОНАВОРИ «ЧӢ ЁРӢ МЕДИҲАД, КИ БА МАРГИ НАЗДИКОНАМОН ТОБ ОРЕМ?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ЁБЕД:
-
Даниел ва Масахирою Ёсими бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ шуданд?
-
Кадом панҷ маслиҳат ба онҳо кумак кард?
-
Сарчашмаи асосии тасаллӣ кист? (2Қр 1:3, 4).