Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Кумаки ҳамроҳатонро қабул кунед

Кумаки ҳамроҳатонро қабул кунед

Яҳува ба воситаи бародарону хоҳарон ба мо кумак мерасонад (1Пт 5:9). Бо дастгирии онҳо мо тамоми душвориҳоро паси сар мекунем. Масалан, Павлуси расулро Акило, Прискило, Сило, Тимотиюс ва дигар масеҳиён хеле дастгирӣ карданд (Крн 18:1–5).

Чӣ тавр ҳамроҳонатон шуморо дар хизмат дастгирӣ карда метавонанд? Яке маслиҳатҳои амалӣ дода метавонад, ки чӣ тавр ба норозигии шахс ҷавоб додан мумкин. Дигаре ёд медиҳад, ки чӣ тавр боздид кардан лозим аст. Сеюмин нақл мекунад, ки чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда давом додан мумкин аст. Фикр кунед, ки дар ҷамоат кӣ ба шумо дар ин мавридҳо ёрдам дода метавонад ва аз ӯ хоҳиш кунед, ки бароятон кумак расонад. Бешубҳа, ин ҳамкорӣ ба ҳардуи шумо манфиат оварда болу пар мебахшад (Фп 1:25).

ВИДЕОНАВОРИ «КӮМАКИ ЯҲУВАРО ҚАБУЛ НАМУДА, АЗ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН ХУРСАНДӢ ГИРЕД. ҲАМИМОНОН»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр Нита Ҷейдро даъват кард, ки дар ҷамъомад иштирок кунад?

  • Чаро ба омӯзиш ҳар гуна бародарону хоҳаронро таклиф кардан лозим аст?

  • Шогирди Масеҳ шудани шахс ин саҳми аҳли ҷамоат аст

    Ҷейд ва хоҳар Абиҷейл ба чӣ шавқ доштанд?

  • Ҳамроҳонатон дар хизмат ба шумо чиро ёд дода метавонанд?